ПАЁМИ ШОДБОШИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗИ СОЛИ 2024
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти […]